Бонки ҷаҳонӣ татбиқи Барномаи «Дастгирии сиёсати рушди устувор — Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир»-ро тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 август Шурои иҷроияи директорони Бонки ҷаҳонӣ татбиқи Барномаи «Дастгирии сиёсати рушди устувор — Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир» (First Competitive and Inclusive Tajikistan Development Policy Operation – DPO)-ро, ки ба маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) ҳамчун грант маблағгузорӣ мешавад, тасдиқ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин амалиёт ҷузъи муҳими ҳамкории стратегии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ буда, ҳадафи он дастгирии барномаҳои ислоҳотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши рақобат дар иқтисод, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши давлатӣ барои беҳтар намудани сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо мебошад.
Амалиёт самтҳои афзалиятноки ислоҳотро, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муайян карда шудаанд, дастгирӣ намуда, ба ташаккули иқтисодиёти рақобатпазир, фарогир ва устувор мусоидат менамояд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии доимӣ ва ҳамкорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ намуда, итминон дорад, ки татбиқи ин амалиёт қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ хоҳад буд.
АКС: тасвирӣ








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






