Дар Алмато ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Август 18, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҷаласаи 90-уми ҷашнии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба реҷаи фаъолияти обанборҳо дар ҳавзаи Амударё ва Сирдарё дар давраи мавсими кишт ва иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал пеш гузошта шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода иштирок намуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад