Дар Бадахшон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид

Август 18, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Бадахшон-дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қабл аз оғози форум меҳмонон дар комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С»   намоиши ҳунарҳои мардумии ин минтақаро тамошо намуда, ба ҳунари кашидадӯзӣ, гулкорӣ, кулолгарӣ, челонгарӣ, маҳсули таомҳои миллӣ ва имконияти рушди сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳои баланд доданд. Махсусан ба ҳозирин  8  хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегиранд, хеле писанд омаданд.

Дар форум муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки бо ташаббусу дастгириҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир соҳаи сайёҳӣ ба таври назаррас рушд ёфта, дар фосилаи начандон тӯлонӣ садҳо иншооти сайёҳӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар бозорҳои хизматрасонии сайёҳии ҷумҳурӣ зиёда аз 356 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ва 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. Ҳоло Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон аз минтақаҳои пешрафтаи сайёҳӣ маҳсуб  мешавад. Ин минтақаи  дурдасти мамлакат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бо табиати афсонавӣ, кӯҳҳои осмонбӯс ва дарёҳои тиллоии худ бештар ҷалб намудааст.

Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки барои боз ҳам рушд бахшидани соҳа дар минтақа бунёди инфрасохтори зарурӣ ва тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ зарур аст.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода  ва дигар иштирокдорон оид ба имконоти сайёҳии мамлакат, ҳамкории мутақобил бо дигар ширкатҳои хориҷӣ, фароҳам овардани  таҷрибаи сайёҳӣ,  равнақ бахшидан ва гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи самтҳои сармоягузорӣ  баёни андеша намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 18, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд