Дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои инноватсионӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар назди Беморхонаи клиникавии №1 бинои инноватсионӣ бунёд мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 7 ошёна иборат буда, дорои 260 кат мегардад. Дар бинои инноватсионии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда мешаванд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин тавонмандиҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила рӯ овардани беморон ба хориҷи мамлакат камтар гардад.
Дар ин беморхона табибон ва мутахассисони ҷавоне фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва корҳои ҷарроҳӣ соҳибтаҷриба мебошанд. Тавоноиҳои замонавии фароҳамшуда ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва татбиқи усулҳои наву муосири кор равона гардидаанд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






