Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид

Август 26, 2025 16:35

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи соли нави таҳсили 2025-2026 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба 50 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманди шаҳр либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ медиҳад.

Ин иқдом дар доираи ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни супоридани либосҳои мактабӣ ва асбобу анҷоми хониш роҳбарияти шаҳри Бохтар ба кӯдакону наврасон, ки бархе аз онҳо бори нахуст қадам ба мактаб мегузоранд, хониши аъло ва интизоми намунавӣ таманно намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Август 26, 2025 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид