Дар Душанбе фаъолияти лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» натиҷагирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» дар шашмоҳаи якуми соли равон ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбаро Мансурӣ зимни ҷаласа аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд. Иброз гардид, ки лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» низ ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мавриди амал қарор дода шудааст.
Дар ҷаласа муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» дар шашмоҳаи якуми соли 2025 маълумот дод.
Иброз гардид, ки мақсад ва ҳадафҳои лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» ба ду самти муҳим-баланд бардоштани сатҳи сифат ва самаранокии хизматрасонии кумаки аввалини тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ оид ба омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ равона гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба ҳадафи аввал масъулини лоиҳа кӯшиш доранд бо беҳтарсозии инфрасохтор, таъмини таҷҳизоти замонавӣ ва бозомӯзии мутахассисони маҳаллӣ сифати хизматрасонии тиббиро ба талаботи байналмилалӣ баробар созанд. Инчунин ҳадафи дуюми лоиҳа тақвият додани омодагии муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар мавриди пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода мебошад. Ин равиш имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ тадбирҳои саривақтӣ ва босамар андешида шаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






