Дар Душанбе Маркази тамоси электронӣ оид ба қабули муроҷиатҳо ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Маркази тамоси электронӣ оид ба қабули муроҷиатҳо ташкил карда шуд, ки он тавассути хати алоқаи телефонӣ фаъолият менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, Маркази тамоси электронӣ оид ба қабули муроҷиатҳо бо мақсади қабули бемамониати зангҳои телефонӣ ва ҷалби таъҷилии гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба макони ҳодиса таъсис дода шудааст.
Шаҳрвандон метавонанд дар вақти дилхоҳ ба мақомоти милитсияи пойтахт тавассути рақамҳои 102 ва 02 дар тамос шуда, дар бораи ҳодисаҳои гуногун иттилоъ дода, муроҷиат ё арзу шикоят намоянд.
Ин иқдом имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бо милитсия дар алоқаи зич қарор дошта, кормандони милитсия кирдорҳои ҳуқуқвайронкунию ҷинояткориро сари вақт ошкор ва пешгирӣ намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






