Дар Душанбе оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки рақамикунонии соҳа талаби замон буда, дар баробари осон кардани кори мутахассисони соҳа ҳамзамон барои сари вақт ба ташхису муоина ва табобат фаро гирифтани беморон мусоидат менамояд. Он барои таҳия ва пешниҳоди омори дурусту дақиқ зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш оид ба нақшаи зеҳни сунъӣ ва рушди платформаи tandurusti.tj ва тарзи ворид шудан ба система, пур кардани маълумоти зарурии шаҳрвандон ва дар умум доир ба афзалияти муҳими системаи ягонаи рақамии давлатӣ (tandurusti.tj) маълумот пешниҳод гардид.
Рақамисозии маълумот имкон медиҳад, ки раванди кор бо натиҷаҳои ташхис содатар ва камхарҷтар карда шавад. Системаи мазкур қадами муҳим дар самти рақамисозии бахши тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мебошад. Он барои муассисаҳои тандурустӣ ва масъулони соҳа платформаи боэътимоди иттилоотӣ фароҳам оварда, ба рушди солимии аҳолӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






