Дар Душанбе вобаста ба қабули қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Август 14, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи зеҳни сунъӣ ба нафъи рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, қабули қатъномаи марбут аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тадбирест, ки ба таъмини рушди иқтисоди минтақа мусоидат менамояд. Ин матлабро 13 август Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» баён намуд.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки ин қатънома нахустин ташаббуси расмии ҷаҳонист, ки масъалаи этикаи зеҳни сунъӣ, амнияти рақамӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ ва баробарии дастрасӣ ба технологияи зеҳни сунъиро дар минтақа ба сатҳи ҳуқуқии байналмилалӣ мебарорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисоти умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 изҳор доштанд, ки танҳо тавассути гуфтугӯ ва ҳамкории мутақобил ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба ҳадафҳои умумӣ ноил гардад.

«Бо ишора ба нақши ҳалкунандаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки «технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз ба заминаи муносиб барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор табдил ёфтаанд. Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, стратегия ва санадҳои муҳими консептуалӣ ба тасвиб расонида, гузариш ба системаи рақамикунониро марҳала ба марҳала ба роҳ мемонад. Зеҳни сунъӣ ақли барномавии комютер буда, амалҳоеро анҷом медиҳад, ки ақли инсон иҷро менамояд»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Дар ҳамоиш коршиноси байналмилалӣ аз Сингапур Ки Мин  ба тариқи маҷозӣ иброз намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз на танҳо технология, балки падидаи тамаддунофар аст, ки дар таносуб бо рушди рақамӣ ва иттилоотӣ ҳадди навбатии таҳаввули зеҳнӣ ва иҷтимоии инсонро таъйин мекунад. Дар давлатҳои муқтадир ва рӯ ба инкишоф зеҳни сунъӣ ба унвони муҳаррики асосии иқтисоди рақамӣ ва тавлиди арзиш шинохта шудааст.

«Зеҳни сунъӣ дар хизмати инсоният, махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва ғайраҳо қарор дорад ва он пайваста рушд хоҳад ёфт. Масалан, дар соҳаи таҳсилот зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки муҳити омӯзишӣ барои ҳар донишҷӯ фардӣ шавад, мониторинг ва арзёбӣ дақиқтар гардад ва дастрасӣ ба дониш бе маҳдудият таъмин карда шавад», — гуфт коршинос.

Дар ҳамоиш донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар бораи табдилдиҳии овоз ба матн бо дақиқияти баланд дар асоси системаи сохтаи худашон бо унвони «TajikVoice AI» сухан намуда, моҳияти системаро ба иштирокчиён фаҳмониданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 14, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият