Дар Нуробод бинои Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 288 ҷой дар ду баст ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт дар ноҳияи Нуробод бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и деҳаи Душохазамини Ҷамоати деҳоти Меҳробод барои 288 ҷой дар ду баст ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар медиҳад.
Бинои нав бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳҳои фаннӣ, китобхона, ҳуҷраҳои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Он бо таҷҳизоти таълимии муосир таъмин гардида, ба меъёрҳои имрӯзаи соҳаи маориф ҷавобгӯ аст.
Дар ин рӯз бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Лайрони Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бинои иловагӣ барои 288 ҷой дар ду баст бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Ифтитоҳи иншооти мазкур шароити таҳсилро барои хонандагон чанд маротиба беҳтар намуда, имконияти муассиса ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуд. Ин иқдом боз як далели равшани таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорони ватандӯст дар рушди соҳаи маориф мебошад.
Зимни ифтитоҳи бинои иловагӣ омӯзгорон ва хонандагони муассиса изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф онҳоро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият ба таҳсилу тарбия машғул гардида, дар рушду пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ натиҷаи ҳамкории самараноки давлат ва мардум буда, далели равшани ғамхории пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва тарбияи насли ояндасоз мебошад.
Ҳамзамон дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод муассисаи таълимии томактабӣ барои 40 кӯдак ба истифода дода шуд.
Омӯзгорон ва волидайн иброз намуданд, ки ифтитоҳи чунин муассисаҳои муосири томактабӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Онҳо барои таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Пешвои миллат ва саҳми арзандаи соҳибкорони маҳаллӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






