Дар Остона Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон доир шуд

Август 18, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16–17 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳокими шаҳри Остона Женис Қосимбек иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.

Корхонаҳои пешсафи вилоят, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) маҳсули дасти худро пешниҳод намуданд. Ҳамчунин матоъҳои атласу адрас, либосҳои миллӣ, қолинҳо, кордҳо, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва маҳсулоти дигар таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб намуданд.

Дар намоишгоҳ ҳар шаҳру ноҳияи вилояти Суғд то 40–50 тонна маҳсулот пешкаш намуд. Занон дар хаймаҳои миллӣ нонҳои гуногун, кулчаҳо ва самбусаҳо пухта, ба сокинони пойтахти Қазоқистон пешкаш намуданд. Ошпазони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 10 деги бузург оши палави тоҷикӣ омода карданд, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон гарм истиқбол шуд.

Сокинони пойтахти Қазоқистон аз маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмева, сабзавоту меваи тар ва дигар анвои хӯроки миллӣ бо хушнудӣ харидорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин ярмаркаҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти босифату арзон ва таҳкими дӯстиҳои мардумӣ мусоидат менамоянд.

Намоишгоҳ дар 4500 метри мураббаъ баргузор гардида, дар ду тарафи макони баргузории чорабинӣ 50 хаймаи фурӯши маҳсулот ҷойгир карда шуд. Дар маркази майдон намоишу фурӯши маҳсулоти гуногун, сабзавоту мева ва таомҳои миллӣ ба роҳ монда шуд.

Ин намоишгоҳ на танҳо саҳнаи намоиши маҳсулоти босифати тоҷикистониён гардид, балки рамзи дӯстии ду миллат низ буд. Аҳолӣ ба сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев барои чунин иқдоми созанда, ки ба таҳкими робитаҳои бародарӣ, боло бурдани сатҳи иқтисодӣ ва мустаҳкам гардидани рафоқат байни халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамояд, миннатдорӣ баён карданд.

Дар доираи барнома аҳли ҳунару санъат бо консертҳои пурмазмун ва саҳнаҳои театрӣ, ки дӯстию рафоқати мардумони ду давлатро таҷассум мекарданд, хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 18, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад