Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
СУҒД, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан дар баробари рушду эҳёи беш аз 200 намуд касбу ҳунарҳои қадимию аҷдодии халқи тоҷик ҳунари шонатарошӣ низ ривоҷи тоза ёфтааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз заҳматҳои назаррасу сарпарастона ва таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин аз нав эҳё намудани касбу ҳунарҳои қадимию азёдрафта ва такмили касбҳои мавҷудаи косибону ҳунармандони мамлакат ба шумор меравад.
Ин буд, ки Пешвои миллат бо дарки яке аз миллатҳои қадимӣ ба шумор рафтани тоҷикон дар барқарорсозии касбу ҳунарҳои аҷдодии ин миллати куҳанбунёд гомҳои устувор гузоштанд ва барои рушди минбаъдаи касбу пешаҳои миллӣ дастуру санадҳои дастгирикунандаю тақвиятдиҳанда ба имзо расониданд.
Бояд гуфт, ки бештари сайёҳони ба шаҳри Истаравшан воридшуда ба ғайр аз ҳунарҳои миллии мо ба ҳунари шонасозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Шонатарошӣ яке ҳунарҳои машҳури сулолаи шонатарошони Истаравшани бостонӣ ба шумор меравад. Ин касби аҷдодӣ ба яке аз шонатарошони машҳури шаҳри Истаравшан-устои номвар дар самти шонасозӣ Усто Содиқ аз бобоёнаш ба мерос мондааст.
Тавре Усто Содиқ зимни суҳбат иброз дошт, касби шонасозӣ сулолавӣ буда, алҳол бо писаронаш ба сохтану оро додани шонаҳои гуногунҳаҷму назаррабо машғул мебошад. Маҳз самараи заҳмату меҳнати чандинсола ва софдилонаи усто буд, ки имрӯзҳо писараш Юсуф аз дараҷаи шогирдӣ то ба шонасози машҳур расида, ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба омӯзондани касби бобоӣ машғул мебошад.
Аз дидани кори устоҳои чирадасту заҳматпешаи шонасоз маълум мегардад, ки ин касб кори як нафар набуда, дар он бо кумаки ҳамдигар шонаҳои гуногунҳаҷму муаррифи ин касби нафис сохта мешаванд.
Бино ба андешаи Усто Содиқ, раванди омодасозии шона нахуст аз интихоби дурусти чӯб оғоз гардида, асосан шона аз чӯбҳои чормағзу зардолу ва ноку биҳӣ омода карда мешавад. Яъне, чӯби интихобшударо бурида, аз он дар ҳаҷми муайян тахтача сохта, дар соя мехушконанд. Раванди шонатарошӣ аз 17 то 25 амалиёт, аз қабили хомтарош, пухтатарош, чӯбсов, ҳамвор кардан, сарбур, баровардани дандона, гӯшабарорӣ, нӯгбарории дурушту маҳин ва равған карданро дар бар мегирад.
Бо заҳмати устоҳои шонасоз чандин навъи шонаҳо, аз ҷумла шонаи кӯдакона, шонариш, урфӣ ва нонпар истеҳсол гардида, ба бозорҳои шаҳр, меҳмонхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷа интиқол дода мешаванд. Тибқи ақидаи устоҳои шонасозу истифодабарандагон, шонаи аз кундаи чормағз сохташуда баъзе хусусияти шифобахширо низ доро буда, равшании мӯйро муътадил нигоҳ медорад. Шонаи аз кундаи зардолу омодагардида асабро ором карда, шонаи аз дарахти нок сохташуда барои масҳ кардани пӯсти сар мувофиқ мебошад.
Усто Содиқ Зарипов имрӯзҳо шукрона аз соҳибистиқлолии мамлакат карда, миннатдории хешро ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медорад. Ӯ мегӯяд, ки маҳз дастгириҳои Пешвои миллат буданд, ки бо додани имтиёзҳои давлатӣ ҳунармандон имконият пайдо намуданд беҳтарин намунаҳои эҷодашонро ба бозори ҷаҳонӣ бароварда, ҳунари худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии Усто Содиқ Зарипов









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






