Дар шаш моҳ дар Тоҷикистон 495 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд

Август 24, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 24.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Тоҷикистон 495 ҳодисаи ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар пайи дастуру супоришҳо ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти корҳои дохилӣ соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1500 нафари ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ машғул боздошт ва беш аз 5000 муллоҳои камсавод бо ҷурми ифротгароӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шуданд.

Бояд изҳор дошт, ки барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ дар Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст. Ба ҳамаи онҳое, ки маротибаи аввал ба даст меафтанд, тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ба маблағи аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯз таҳдид менамояд. Барои такрори қонуншиканӣ ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор тибқи моддаи 240.1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи он ҷарима ба маблағи аз 112 500 то 150 000 сомонӣ ё ҳатто маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ карда шудааст.

   АКС: АМИТ «Ховар»

Август 24, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид