Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар Муассисаи давлатии «Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов»-и шаҳри Бӯстон ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо масъулини самти идеологии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода иброз дошт, ки бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъати корҳои идеологӣ дар самти густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстии мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 17 июли соли 2025 баён гардид, Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо масъулини самти идеологии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, алалхусус шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷаласаи сайёр баргузор намояд.
Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд дар пешбурди самти идеологӣ дар вилоят- баланд бардоштани сатҳи шуури сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории мулоқоту суҳбатҳо, дастгирии сиёсати давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани эҳсонони ватандӯстию ватанпарастии сокинон фаъолияти густурда пеш мебарад.
Дар анҷоми ҷаласа як зумра фаъолон, мудирони шуъбаҳои таблиғоту иттилоот ва ҷавонони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар пешбурди корҳои тарғиботӣ саҳми арзанда доранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Хадамои матбуоти Раиси вилояти Суғд








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






