Дар Суғд дурнамои ҳамкории корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
СУҒД, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 август Раиси вилояти Суғд бо роҳбари ширкати маъруфи итолёвии «Carrera» мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо фаъолияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории корхонаҳои муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ» ва «САТН»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории корхонаҳои муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва саҳми корхонаҳои саноатии вилоят дар рушди иқтисодиёт изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки корхонаҳои «Ҷавонӣ» ва «САТН» аз ҷумлаи коргоҳҳои муваффақи вилоят буда, маҳсулоти онҳо, ки асосан ба кишварҳои Аврупо содирот мешавад, муаррифи саноати Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ мебошад. Ин корхонаҳои муштарак 30 сол қабл бо ҷалби сармояи Италия таъсис ёфта, имрӯз низ фаъолияти назаррас доранд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ ва истифодаи имконоти мавҷуда барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мубодилаи афкор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






