Дар Суғд таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ҷаласа бо ҳадафи таҳлили раванди иҷрои барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, аз ҷумла «Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021–2025», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2035», «Барномаи рақамикунонии муассисаҳои таълимӣ», ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, доир шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо иброз гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тақвияти имконияти муассисаҳои таълимӣ якчанд тадбир, аз ҷумла бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, таъмини онҳо бо мизу курсӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос (махсусан дар фанҳои дақиқ ва технологияи иттилоотӣ), ташкили даврҳои такмили ихтисосу семинарҳои омӯзишӣ, баргузории озмуну олимпиадаҳо, таъмини муассисаҳо бо компютер ва интернет, инчунин тавсеаи соҳаи таҳсилоти томактабӣ амалӣ карда мешаванд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласа таъкид намуд, ки масъалаи ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11) ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати соҳа арзёбӣ гардида, дар ҳамкорӣ бо волидон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои фарогирии бештари хонандагон тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд. Дар робита ба омодагии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» баён гардид, ки тадбирҳои ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт натиҷаҳо бояд боз ҳам хубтар гарданд.
Гуфта шуд, ки дар асоси шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳо сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ оғоз ёфта, ин раванд дар ҳамкорӣ бо шахсони саховатманд ва соҳибкорон суръат бахшида шавад. Иншооте, ки қаблан ҳамчун кӯдакистон истифода мешуданд, мавриди бозбинӣ қарор гирифта, дар ҳолати мувофиқат ба талабот ба мақсади аввал баргардонида шаванд. Шумораи марказҳои инкишофи кӯдак зиёд гардида, фарогирии бештари кӯдакон дар онҳо таъмин карда шавад. Ҳамзамон бо бунёди муассисаҳои томактабӣ масъалаи таъмини онҳо бо мутахассисон ва ҷалби кадрҳои ҷавон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Дар самти таъмини муассисаҳо бо кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти озмоишӣ, компютер ва пайвастшавӣ ба интернет тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Дар анҷоми ҷаласа муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки натиҷаҳои амалишавии барномаҳо ва озмунҳо ҷамъбаст гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.








Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид






