Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 05.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон 669 ҳазору 234 ҳазор дона тухм ва 19 ҳазору 681 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 126 ҳазору 201 дона тухм ва 495 тонна гӯшти паранда зиёд мебошад. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар айни замон дар мамлакат 228 корхонаи парандапарварӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 112 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.
Дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ 9763 тонна, Хатлон- 3973 тонна, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 51 тонна ва дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 5894 тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст.
Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад.
Дар шароити имрӯза парандапарварӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти серғизо, инчунин фароҳам овардани ҷойи нави кор дар деҳот аҳамияти калон дорад. Дар ин самт дар мамлакат навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла мурғҳои тухмдеҳ, мурғҳои гӯштин ва парандаҳои маҳаллӣ парвариш меёбанд. Ҳамзамон намудҳои камшумори дигар, ба мисли бедона ва мурғи марҷон низ парвариш карда мешаванд.
Парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб шуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас дорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст






