Дар Тоҷикистон то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ба 33 фоиз расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 31.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ба 33 фоиз расонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» ҷалби бахши хусусӣ ва афзоиши муассисаҳои ғайридавлатиро аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа қарор медиҳад. Ин барнома 30 сентябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 амалӣ мегардад. Дар доираи татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ бунёди 134 муассисаи томактабӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи амалишавии ин барнома заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегарданд. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд. Тибқи нақшаи барнома, соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ меёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин гардад».
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли таҳсили 2024-2025 шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 744 адад расида ва фарогирии кӯдакон дар ин зина 114 ҳазорро ташкил дод.
Фирӯза ДАВАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд






