Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти содирот баррасӣ гардид

Август 14, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти содирот 12 август зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва намояндаи навтаъйини тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Рибас баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.

Дар мулоқот инчунин масъалаи таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешниҳод гардид, ки барои сохта, ба истифода додани маркази муштарак ширкатҳо ва бонкҳои ҳавасманди Федератсияи Русия ҷалб карда шаванд.

Намояндаи тиҷоратии Русия барои мусоидат ба дарёфти маблағгузорӣ бобати татбиқи ин иқдом изҳори омодагӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияти васеи содироти маҳсулоти кишоварзии барвақтию мавсимӣ ва молҳои саноатӣ буда, дар ин самт барои ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги савдои Русия ҳавасмандӣ зоҳир менамояд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 14, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад