ҲЕҶ МИЛЛАТИ ДУНЁ БА МИСЛИ «ШОҲНОМА» АСАР НАДОРАД. Беш аз 9900 хонавода дар Нуробод соҳиби туҳфаи Пешвои миллат гардиданд

Август 22, 2025 12:00

НУРОБОД, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми неку фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид. Ин китоби пурарзиш ба 9922 хонаводаи ноҳияи Нуробод тақдим гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иттилоъ доданд.

Китоби мазкур дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла чунин нигоштаанд: «Дар ҳақиқат Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зиндаю пойдор гардонид ва дар хизмати наслҳои оянда гузошт».

Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Нуробод тақсим ва тақдим гардид. Ин иқдом ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, огоҳӣ аз таърихи гузаштаи миллат ва фаҳмонидани он ба шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Сокинони ноҳияи Нуробод бо шодмонӣ ва ҳисси хушҳолӣ ин туҳфаи арзишмандро пазируфта, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат баён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод

Август 22, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст