EXPO-2025. Ҳамарӯза гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамоянд

Август 2, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 25 ҳазор нафар Гӯшаи Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар шаҳри Осака тамошо карда, бо табиати нотакрори Тоҷикистон, пиряхҳо ва захираҳои обӣ, дастоварду имконияти сармоягузорию сайёҳии мамлакати мо шинос мешаванд. Дар ин хусус 31 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов иттилоъ дод.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 27 июн дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Комиссари генералии Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 Ҳанеда Коҷӣ, намояндагони мақомоти давлатии Ҷопон, корпуси дипломатӣ ва меҳмонон иштирок намуданд.

Ҳайдар Раҷабов изҳор намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» 13 апрели соли равон оғоз гардида, то 13 октябри соли 2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон идома меёбад. Дар он зиёда аз 161 кишвари ҷаҳон ва 9 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд. Давоми фаъолият ин намоишгоҳро бояд 28 миллион тамошобинон тамошо намоянд.

Ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар панҷ сол як маротиба баргузор гардида, ин навбат ба худ шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо»-ро гирифтааст ва он аз се мавзуи асосӣ: «Наҷоти ҳастӣ», «Тақвияти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ», ки дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои иштироккунандаи ҷаҳон қарор доранд, иборат мебошад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гӯшаи Тоҷикистонро бо номи «Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ — барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор» бо тарҳу ороиши зебои миллӣ сохта, онро бо воситаҳои муосири намоишӣ ва айнакҳои виртуалии 3D муҷаҳҳаз гардонидааст»,-баён дошт Ҳайдар Раҷабов.

Дар Гӯшаи Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии мамлакат оид ба ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим, маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, имконияти сармоягузорию сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва маводи таблиғотӣ дар шакли буклет, QR-код ва бюллетени электронӣ муаррифӣ карда шуданд. Наворҳои видеоӣ оид ба имконияти сармоягузорию сайёҳӣ ва дастовардҳои мамлакат низ пайваста пахш мегарданд.

Яке аз маҳсулоти асосии гӯшаи мазкур амсилаи (макети) пиряхи Ванҷях (Федченко) мебошад, ки таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ зиёд ҷалб мекунад. Иброз гардид, ки пиряхи Ванҷях бузургтарин пиряхи ҷаҳон дар хушкӣ ба шумор меравад, ки 77 километр дарозӣ дошта, дар баландии 6974 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Маҳсулоти дигари диққатҷалбкунандаи ҷониби мо айнакҳои виртуалии 3D мебошад, ки тавассути он тамошобинон метавонанд манзараҳои зебои табиии мамлакат, аз ҷумла пиряхи Ванҷяхро тамошо намоянд.

Тавре Раиси Палатаи савдо ва саноат изҳор намуд, иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» қадами муҳим барои таблиғу муаррифии имконияти рушди сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон дар назди Гӯшаи Тоҷикистон сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба фурӯш бароварда шудаанд, ки талаботи тамошобинон ба онҳо зиёд аст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад