Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Австрия ва Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 август дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC3) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Йозеф Шеллҳорн баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои афзалиятноки рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла густариши минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо рағбати худро барои идомаи ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид доштанд.
Ҳамчунин дар доираи конфронс Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Дафтари минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Артур Эркен вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






