ИЛМ ДАР БАЛАНДИИ ЗИЁДА АЗ 5000 МЕТР. Дар калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» роҳбари бахши тоҷикистонии экспедитсия Абдулҳамид Қаюмов хабар дод.
Экспедитсияи байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии RECAP (Research on Climate and Cryosphere in the Pamirs) бо ҷалби олимони Тоҷикистон, Олмон ва Фаронса аз 19 июл то 23 август идома ёфт.
Ҳадафи асосии экспедитсия — таъсиси низоми мукаммали мониторинги доимӣ барои омӯзиши тағйироти иқлим ва равандҳои пиряхшиносӣ дар яке аз муҳимтарин манбаъҳои оби тозаи Осиёи Марказӣ буд.
Ҳама таҷҳизоти вазнин дар шароити баландии зиёда аз 5000 метр аз сатҳи баҳр бо қувваи инсон интиқол дода шуд. Олимон тавонистанд дар шароити баландкӯҳ, норасоии оксиген, сармо ва релефи хатарнок пойгоҳи худкорро, ки маълумотро дар вақти воқеӣ ба пойгоҳи марказӣ мерасонад, фаъол созанд.
Ҳамаи пойгоҳҳои нав мувофиқи нақша насб гардида, маълумоти ҷамъшуда бори аввал дар таърих ба Шабакаи байналмилалии таҳқиқоти иқлим ворид мегардад. Ин имкон медиҳад, ки равандҳои обшавии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ дақиқтар арзёбӣ ва пешгӯйӣ карда шаванд. Пиряхи Ванҷях на танҳо объекти илмӣ, балки нишондиҳандаи ояндаи оби тоза барои миллионҳо нафар одамон мебошад.
Тавре роҳбари бахши тоҷикистонии экспедитсия Абдулҳамид Қаюмов иброз дошт, «мо на танҳо таҷҳизот насб кардем, балки саҳифаи нави таърихи таҳқиқоти пиряхҳоро дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо кушодем. Ванҷях мисли китобест, ки саҳифаҳои он ҳар сол об мешаванд. Мо бояд онро пеш аз гум шуданаш бихонем».
Мушоҳидаҳои мунтазам дар пиряхи Ванҷях (Федченко) аз соли 1933 дар Пойгоҳи «Горбунов» (баландии 4200 м) оғоз ёфтанд. Аммо барои посух додан ба саволҳои калидии тағйироти пиряхҳо ва таъсири онҳо ба иқлим солҳои 1957–1958 — дар чаҳорчӯбаи «Соли байналмилалии геофизикӣ» — зарурати гузаронидани таҳқиқоти густурдаи экспедитсионӣ ва таъсиси пойгоҳ дар баландии 5000 метр пеш омад. Аз соли 1933 то соли 1994 дар пиряхи Ванҷях корҳои илмӣ пайваста идома доштанд, вале баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ мушоҳидаҳои системавӣ пурра қатъ карда шуданд.
Маркази омӯзиши пиряхҳо аз соли 2022 инҷониб таҳқиқоти саҳроиро дар ин пирях оғоз намуд. Солҳои 2022 ва 2023 гурӯҳ роҳҳои бехатар барои интиқоли таҷҳизоти илмиро меомӯхт. Парвоз бо чархбол ба баландии 5000–6000 метр хавфи зиёд дошт, бинобар ин роҳи пиёдагард ҳамчун роҳи асосӣ интихоб карда шуд. Соли 2024 гурӯҳ тавонист то ба баландии 4500 метр расида, пойгоҳи муваққатӣ насб намояд.
Танҳо соли 2025 насби пойгоҳи мониторингӣ дар пиряхи Витковский- яке аз баландтарин нуқтаҳои таҳқиқотӣ дар Осиёи Марказӣ, насби се пойгоҳи худкори обуҳавошиносӣ ва пиряхшиносӣ дар баландиҳои 4500, 4800 ва 5280 мето (пиряхи Таҳмурас минтақаи пиряхи Академияи илмҳо ва гузаргоҳи Язгулом), андозагирии қабатҳои барфу ях бо усули георадар барои муайян намудани ҳаҷм ва сохтори онҳо ва гирифтани намунаҳои барф ва ях барои таҳлилҳои изотопӣ ва химиявӣ амалӣ гардиданд.
Пиряхи Ванҷях- бузургтарин пирях на танҳо дар Помир, балки дар тамоми ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Дарозиаш 77 километр буда, масоҳати он тақрибан 700 километр мураббаъро ташкил медиҳад. Дар байни пиряхҳои қитъаи Авруосиё аз рӯйи масоҳат танҳо аз пиряхҳои Қарақорум — Сиачен (дарозӣ 76 км, масоҳат 750 км²) ва Балторо (дарозӣ 62 км, масоҳат 750 км²) фарқ мекунад. Системаи Ванҷях 100 пиряхро дар бар мегирад.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






