ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар Тоҷикистон 5254 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 18.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб муқаррар гардидааст. Дар ин рӯз, 1045 сол муқаддам яке аз фарзандони номвари тоҷик, олим, файласуф ва табиби машҳури олам Абуалӣ Ибни Сино ба дунё омадааст. Шуруъ аз соли 1995 Парлумони Тоҷикистон ин рӯзро ҳамчун иди касбии табибон ба номгӯйи идҳои давлатӣ ворид намуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гулчанбар гузошта шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини шароити моддию маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои рушди фаъолияти соҳа марҳила ба марҳила тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло шумораи муассисаҳои тиббӣ ба 5254 адад расидааст.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 900 муассисаи хусусии тиббӣ бо 602 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 298 нафар шахсони воқеӣ фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳамагӣ 4880 нафар, аз ҷумла 1982 нафар табибон, 1866 нафар кормандони миёнаи тиб ва 1032 нафар кормандони ёрирасон ва 19 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамоянд.
Дар ҷумҳурӣ 69 корхонаи ватанӣ зиёда аз 610 намуд ва 355 номгӯй дору истеҳсол менамоянд. Дар онҳо молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ низ ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Имрӯзҳо якчанд амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ низ дар дохили мамлакат гузаронида мешаванд ва дигар ҳоҷати барои табобат ба хориҷа рафтан намондааст.
Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон солимии ҷомеа — солимии миллат, давлату минтақа ва дар умум сайёра дониста мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии аҳолиро боигарии асосии давлату миллат номидаанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, соати 15:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашириф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва 1045-солагии Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш доир мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






