Коргоҳи истеҳсоли пойафзоли шаҳри «Бӯстон» ба бозор маҳсулоти босифат ва рақобатпазир пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, бунёди корхонаю коргоҳҳои нав идома дорад. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Яке аз чунин иншооти муҳими истеҳсолӣ коргоҳи истеҳсоли пойафзоли «Бӯстон» мебошад, ки дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» фаъолият менамояд.
Коргоҳ ба истеҳсоли пойафзолҳои низомӣ ва варзишӣ, ки тибқи фармоиш омода мегарданд, инчунин истеҳсоли пойафзоли мардона ва кӯдакона машғул буда, ба бозор маҳсулоти босифат ва рақобатпазир пешниҳод менамояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба роҳбарияти он барои таъсиси ҷойи нави кор, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол ва ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас маслиҳат дод.
Ёдовар мешавем, ки дар назди коргоҳ мағозаи фурӯши маҳсулоти тайёр фаъолият дорад, ки ба муштариён намудҳои гуногуни пойафзоли мардона, кӯдакона, низомӣ ва варзиширо бо сифати баланд пешниҳод менамояд.
Истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда барои таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






