МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ҷаъфарӣ ба биниш ва саломатии чашм муфид аст

Август 2, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаъфарӣ (петрушка) растание мебошад, ки истеъмоли он барои саломатӣ муфид аст. Ҷаъфарӣ доруи табиӣ барои тарс, изтироб ва афсурдагӣ, муҳофизат аз фарбеҳӣ, тозагии хун ва сарчашмаи ҷавонӣ, мустаҳкам намудани системаи масунияти кӯдакон, муҳофизати бадан аз микробҳо, табобати захм ва аз ҳама муҳим- пешгирӣ аз саратон мебошад.

На танҳо барг, балки реша ва тухми ҷаъфарӣ низ шифобахш буда, дорои витаминҳои A, B1, B3, C, E, оҳан, калсий, магний, калий, фосфор, манган, натрий, мис, сулфур, хлорофил ва равған мебошанд. Истеъмоли ҷаъфарӣ ба вуҷуди инсон қувват бахшида, кори пешоб ва талхаро хуб менамояд. Аз касалиҳои зуком, шамолхӯрӣ ва табларза ҳифз мекунад. Қанди хунро муътадил нигоҳ дошта, аз касалии саратон муҳофизат менамояд. Моддаҳои заҳролудро берун карда, аз тарбод ва зардпарвин ҳифз менамояд. Хунро тоза карда, системаи асабро ором менамояд.

Ҷаъфарӣ инчунин ба бемориҳои санги гурда, фишори хун, фарбеҳӣ ва бемориҳои ҷигар фоидаи зиёд дошта, барои инкишофи кӯдакони заиф хеле муфид мебошад. Дар дилбеҳузурӣ ва кӯтоҳнафасӣ камтар ҷаъфариро хуб хоида фурӯ бурдан фоидаи зиёд дорад. Ба мӯйи сар қувват бахшида, рехтани онро пешгирӣ менамояд.

Ҳатто решаи ҷаъфариро пас аз тоза кардан бо хӯроку хӯришҳо истеъмол кардан мумкин аст. Бӯйи нофорами даҳонро низ аз байн бурда, ба нури чашм зиё мебахшад. Тавассути роҳҳои пешобдон намаки ҷамъшуда ва санги гурдаро аз бадан хориҷ мекунад. Ҳар рӯз миқдори муайяни онро истеъмол намудан зарур мебошад, чунки истеъмоли аз ҳад зиёд зарар дорад. Шахсоне, ки ба сабаби сармохӯрдагӣ варами гурда доранд, набояд ҷаъфариро истеъмол кунанд.

Ҷаъфарӣ таъсири пуриқтидори зиддизанбурӯғӣ ва зиддибактериявияшро дар системаи урогениталӣ ва ҳозима зоҳир менамояд. Аз барг ва тухмиҳои он қиёмҳо, аз реша обпаз ё нӯшоба тайёр менамоянд. Ба ғизо доимо дар намуди тару тоза ва хокаи аз гиёҳҳои хушк ва решаҳо (250-500 мг барои як ҳиссаи хӯрок) тайёр кардашударо илова кардан мумкин аст.

Маҳсулоти ҷаъфарӣ хусусан ба паразитҳое, ки ҳангоми илтиҳоб ва хастагии организм фаъол мешаванд, самаранок таъсир мекунад. 2 қошуқча шарбати тару тозаи ҷаъфариро субҳ дар меъдаи холӣ нӯшидан доруи хуби зиддипаразитӣ ҳангоми трихомониоз ва хламидиоз мебошад. Таъми алафи ҷаъфарӣ тунду талх, решааш ширин ва тухмиҳояш талх буда, гармкунанда мебошад.

Витамини К, ки дар таркиби ҷаъфарӣ мавҷуд аст, мустаҳкамии устухонҳо ва зичии менералии онҳоро таъмин месозад. Кам гаштани фоизнокии ин витамин, хусусан дар нафарони солманд дида мешавад, ки он ба эҳтимоли ба шикастхӯрдагии устухонҳо рӯ ба рӯ шудани онҳо оварда мерасонад. Ба ин хотир низ бояд нафарони солманд барои пешгирии ин гуна ҳолатҳо аз ҷаъфарӣ васеъ истифода баранд. Ҳамзамон ҷаъфарӣ дар таркиби худ калсий, эргостерин ва витамини С дорад, ки онҳо устухонҳоро мустаҳкам менамоянд.

Флавоноидҳои таркиби ин растанӣ фишори оксидшавиро коҳиш медиҳанд ва ба ин васила саломатии дилу рагҳоро беҳтар мекунанд. Моддаҳои ғизоии ҷаъфарӣ барои паст кардани фишори хун ва холестирин кумак менамоянд ва деворҳои рагҳои хунро мустаҳкам мекунанд.

Таҳқиқоти зиёда аз 58 000 нафар нишон дод, ки дар гурӯҳи дорои миқдори зиёди кислотаи фолий хатари инкишофи бемории дил 38 фоиз камтар аст.

Се моддаи таркиби ҷаъфарӣ- лютеин, бета-каротин ва зеаксантин ба нигоҳ доштани биниш ва саломатии чашм кумак мекунанд. Нафароне, ки ин растаниро бештар истеъмол мекунанд, дар онҳо хирашавии биниши чашм камтар дида мешавад. Ҳамзамон биниши ин нафарон шабона нисбат ба онҳое, ки ҷаъфариро камтар истифода мебаранд, хеле беҳтар аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 2, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Дар ҷаласаи машваратии мудирони Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардид
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад: «Тоҷикистон имкон дорад бо истифода аз захираҳои табиӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардад»
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Швейтсария тақвият медиҳад
АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст