Мотосиклронҳои «Ралли Осиёи Марказӣ-2025»-ро дар Тоҷикистон истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Сафорати Покистон дар Тоҷикистон корвони мотосиклронҳои покистониро дар чаҳорчӯби «Мотосиклсаворони Ралли Осиёи Марказӣ 2025» дар Душанбе гарм истиқбол намуданд. Ин саёҳати таърихӣ руҳияи дӯстӣ ва равобити афзояндаи одамонро байни Покистон ва Тоҷикистон нишон медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
15 август баъди ворид шудан ба Тоҷикистон дар гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод мотосиклронҳо бо меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона истиқбол гирифта шуданд.
Мотосиклронҳо қабл аз ворид шудан ба шаҳри Душанбе 17 август бо осори фарҳангӣ ва таърихии Хуҷанд шинос шуда, дар майдони Дӯстӣ- дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ чун нишони равобити мустаҳкаму бародаронаи ду давлат рамзи «Дарахти дӯстӣ»-ро шинониданд.
Сафири Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мотосиклронҳоро дар «Хонаи Покистон» истиқбол гирифт. Сафир руҳияи сайёҳии онҳоро ситоиш карда, нақши муҳими ин навъи гардишро дар рушди робитаҳои минтақавӣ, алоқа байни мардум ва пешбурди сайёҳии минтақавӣ таъкид намуд.
Аҳли корвон дар саросари Тоҷикистон саёҳат карда, бо мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ шинос мешаванд. Ҳамзамон зебоиҳои табиати дилангези минтақаҳои Хатлону Дарвозро тамошо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки корвони 16 мотосиклсавони покистонӣ, ки бо номи «Корвони дӯстӣ» маъруф аст, бо гусели расмӣ сафарро 1 августи соли 2025 аз Исломобод оғоз намуд. Мотосиклронҳо дар доираи сафари минтақавӣ, ки Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бар мегирад, қарор доранд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид






