МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ МИНТАҚА. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ҳалли он беназир аст

ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам ба дигар дастоварду комёбиҳои беназири сатҳи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ ба сифати роҳбари хирадманд ва ташаббускори идеяҳои глобалии об, иқлим ва экология эътироф гардидаанд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфтани ин ташаббусҳо ва дар заминаи ин иқдом аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани 14 қатъномаи дахлдор далели бармалои ин гуфтаҳо мебошад. Чунин нигоштааст мудири Лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Номвар Қурбон дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар». Дар зер шакли пурраи мавод пешниҳод мегардад.
Солҳои 2003-2025: Душанбе мизбони 11 форум ва конфронси сатҳи байналмилалӣ
Маҳз дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2003-2025 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе 11 форум ва конфронси сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки бархе аз онҳо нахустин маротиба доир шуда, дар миқёси ҷаҳонӣ назир надоранд. Барои мисол, дар доираи нахустин ташаббуси ҷониби давлати мо, яъне Соли байналмилалии оби тоза (аз 29 август то 1 сентябри соли 2003) аввалин Форуми байналмилалӣ оид ба масоили оби тоза баргузор гардид, ки пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба «пойтахти ҷаҳон оид ба оби тоза» табдил дод.
Ҳамчунин дар таърихи зиёда аз 130-солаи мушоҳидаю таҳқиқи пиряхҳо танҳо дар доираи ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (аз 29 то 31 майи соли 2025) нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Зиёда аз ин, маҳз дар доираи ташаббуси дигари Тоҷикистон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дар таърихи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид аз 22 то 24 марти соли 2023 конфронси дуюми сатҳи баланд, яъне Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об баргузор гардид.
Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро конфронси таърихӣ унвон карда, чунин иброз доштанд: «Конфронси мазкур таърихӣ аст, зеро он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум – баъди қариб 50 сол ба вуқуъ пайваст. Мо, мизбонони конфронс дар ин ҷода талошҳои зиёд кардем ва умед дорем, ки он аз рӯйи натиҷаҳои самарабахши худ таърихӣ хоҳад гардид».
Аз ин ҷо бармало мегардад, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, давлати мо таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об, нақшаҳои амал оид ба тағйирёбии иқлим ва татбиқи ҳадафҳои «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» нақши бузургу саҳми назаррас дорад.
Тоҷикистон – пешоҳанги иқдоми нави минтақавӣ марбут ба обу иқлим
Дар миқёси минтақа низ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги аксар иқдоми ҷадиду наҷиби марбут ба мушкилоти об, иқлим ва экология маҳсуб шуда, яке аз бунёдгузорон ва аъзои фаъоли Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ мебошад. Яке аз далелҳои равшани пешсаф ва ташаббускори иқдоми минтақавӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» зимни баргузории иҷлосияи 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором (25 апрели соли 2025) бо иттифоқи оро қабул гардид.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар вохӯрию чорабиниҳо дар ҳамоишҳои минтақавии марбут ба об, иқлим ва экология пайваста фаъолона иштирок менамояд ва иқдоми дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳониро пайгирӣ менамояд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла баҳору тобистони соли 2025 дар ду чорабинии соҳавии сатҳи баланд, ки дар ду давлати Осиёи Марказӣ, яъне Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯйи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» дар Узбекистон (Самарқанд) ва Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар Туркманистон (Туркманбоши) доир гардиданд, иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар аввалин Форуми иқлимии Самарқанд «Осиёи Марказӣ пешорӯйи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4-5 апрели соли 2025 доир гардид, масоили марбут ба тағйирёбии иқлими глобалӣ ва минтақавиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оқибатҳои фоҷеабори онро ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд. Далелҳои бармалои илмӣ бо суханони Пешвои миллат тавъам омада, дурустӣ ва дақиқии онҳоро тасдиқ менамоянд, зеро давоми беш аз чор даҳсола аст, ки тағйирёбии иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолият ва саломатии инсон табдил ёфтааст.
Маълум аст, ки ҳудуди Осиёи Марказӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз минтақаҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим буда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ хисороти иқтисодии солона аз таназзули муҳити зист ба 325 миллион доллари ИМА мерасад. То соли 2050 он метавонад ду баробар афзояд, ки ба 5-6 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Дар умум, дар Осиёи Марказӣ давоми 60 соли охир ҳарорати ҳаво ба андозаи 1,5°С афзудааст, ки аз қимати миёнаи ҷаҳонӣ ду баробар, яъне 0,7°С зиёд мебошад.
Ҳамчунин беш аз 80%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо тавлид мешаванд, ки қисми аъзами онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Бо афзоиши ҳарорати ҳаво давоми 50 соли охир масоҳати пиряхҳои минтақа тақрибан 30% коҳиш ёфта, интизор меравад, ки то соли 2050 захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир то 5% ва дар ҳавзаи дарёи Аму то 15% коҳиш ёбанд. Ин равандҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоюли хеле ташвишовар унвон намуда, бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он истифодаи технологияҳои муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткоронаро ба об чун манбаи муҳимтарини ҳаёт шарти асосии кам кардани талафоти он шумориданд.
Антониу Гутерриш: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба «буҳрони сегонаи сайёравӣ» мувоҷеҳ гардидааст»
Ба андешаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, давоми солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ба «буҳрони сегонаи сайёравӣ», чун тағйирёбии иқлим, коҳишёбии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист мувоҷеҳ гардидааст. Махсусан, болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ ва ё гармшавии глобалии иқлим боиси якчанд пайомади ногувор, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, норасоии об, хушксолӣ, биёбоншавӣ, таназзули хок, маҳвшавии гуногунии биологӣ ва коҳиши ҳосили зироат гардидааст.
Тавъам ба ин, гузоришҳои охири Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо нишон медиҳанд, ки раванди обшавии пиряхҳо сол аз сол вусъат меёбад. Мувофиқи ин пажӯҳишот, давоми солҳои 1976-2024 аз тамоми пиряхҳои кураи арз тақрибан 9200 гигатон ях об шудааст, ки он ба қабати яхии ғафсиаш 25 метр ва масоҳаташ ба андозаи Олмон баробар мебошад.
Ҳамзамон аз рўйи маълумоти Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат, аз пиряхҳои дар ҷойҳои мероси табиию фарҳангии ҷаҳонӣ воқеъгардида ба ҳисоби миёна соле тақрибан 58 миллиард тонна об мешавад, ки ба ҳаҷми умумии оби дар Фаронсаю Испания истеъмолшаванда баробар аст.
Албатта, обшавии босуръати пиряхҳо дар навоҳии наздисоҳилию уқёнусӣ боиси баланд шудани сатҳи оби баҳру уқёнусҳо мегардад. Тибқи ҳисобҳо, баробари ҳар миллиметр баланд шудани сатҳи ин обҳо 200-300 ҳазор сокинони минтақаҳои наздисоҳилӣ зери хатари обхезӣ қарор мегиранд. Гузашта аз ин, обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳсор боиси фаромадани селу тармаҳои пай дар пай гардида, ба иқтисодиёт, экосистемаҳо ва ҷомеаҳо хисороту хатари ҷиддӣ мерасонад.
Маҳз бо назардошти ин мушкилот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз 20 сол аст, ки дар татбиқи барномаҳои марбут ба обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд, зеро масоили тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ бахши муҳими сиёсати Президенти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Осиёи Марказӣ то соли 2050: захираҳои об то 30% коҳиш меёбанд
Бо назардошти рушди демографӣ, аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050 ба 100 миллион нафар мерасад, вале то ин давра захираҳои оби минтақа 30% коҳиш меёбанд ва дар баробари ин, то соли 2030 талабот ба об барои обёрӣ 30% бештар мешавад.
Чунин динамикаи дуҷониба барои амнияти озуқаворӣ низ хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2050 ҳосили зироати кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад то 20-40% коҳиш ёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робита байни соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва мушкилоти тағйирёбии иқлимро хеле хуб нишон дода, рушди энергетикаи «сабз»-ро ҳамчун алоқамандӣ байни энергетика ва тағйирёбии иқлим қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим, мутобиқшавӣ ба он ва коҳиш додани таъсири манфии иқлимӣ арзёбӣ намуданд.
Дар баробари ин мушкилот бояд ёдовар шуд, ки дар айни замон беш аз 570 миллион аҳолӣ дар 32 кишваре умр ба сар мебаранд, ки давлатҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ мебошанд. Мувофиқи маълумоти географӣ, дар миқёси сайёра 44 мамлакат, аз ҷумла 14 кишвари Аврупо, 12 давлати Осиё, 16 мамлакати Африқо ва 2 кишвари Амрикои Ҷанубӣ ба Уқёнуси ҷаҳонӣ роҳи баромад надоранд.
Бо назардошти мушкилоти марбут ба кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ аз 5 то 8 августи соли 2025 дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ доир гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфуз низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо каломи баландмазмун, суханронии амиқ ва масъалагузории саривақтӣ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки Конфронси якум ва дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ дар шаҳрҳои Алмато (Қазоқистон, 28-29 августи соли 2003) ва Вена (Австрия, 3-5 ноябри соли 2014) баргузор гардида буданд. Аз ин рӯ, агар дар конфронси Вена Барномаи амали Алмато мавриди арзёбӣ қарор гирифт, пас дар Конфронси сеюм Барномаи амали Вена натиҷагирӣ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ баргузории ин чорабиниро заминаи муҳиму мусоид барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар байни кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ арзёбӣ намуда, ба ин восита ба роҳ мондани василаҳои муассирро бо мақсади таъмини рушди устувор ва рафъи мушкилоти марбут ба маҳдудияти транзитию инфрасохтории ин мамлакатҳо имконпазир шумориданд.
Табиист, ки кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ бинобар мавқеи географӣ, шароити орографию иқлимӣ ва дигар омилҳои марбут ба онҳо дар масири рушди устувор бо мушкилоти барояшон хос дучор мешаванд. Тавре Пешвои миллат дар суханронияшон иброз доштанд, ба ин мамлакатҳо, қабл аз ҳама, мушкилоте, чун ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим бештар таъсир мерасонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо кишвари осебпазир ба тағйирёбии иқлим аст, балки ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ низ дохил мебошад.
Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёту энергетика дар баробари ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмини истиқлоли энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ эълон намуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самтҳо ба комёбию дастовардҳои беназир ноил гардид. Аз ҷумла, ҳоло Тоҷикистон 98%-и неруи барқро аз сарчашмаҳои обии худӣ истеҳсол карда, аз рӯйи истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар байни давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад ва то соли 2032 пурра ба истеҳсоли энергияи аз нигоҳи экологӣ тоза мегузарад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам ба ду стратегияи миллии марбут ба мушкилоти тағйирёбии иқлим «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул карда шуд, ки дар раванди татбиқ қарор дорад. Татбиқи ин стратегия имкон медиҳад, ки мамлакати мо дар оянда пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад. Ва, албатта, барои татбиқи муассири чунин ҳадафҳо ва нақшаҳо ҳамкории мутақобили судманди байнидавлатӣ, сармоягузориҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва муносибату истифодаи оқилонаю дурусти сарватҳои табиӣ зарур аст.
Ҳамин тавр, аз иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои минтақавию ҷаҳонии марбут ба мушкилоти об, иқлим ва экология маълум мегардад, ки мамлакати мо ҳамчун давлати пешоҳанг дар ҳама чорабиниҳо иштироки аҳамиятнок дорад ва дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим мавқеи шоиста касб кардааст. Зеро ташаббусҳои марбут ба об, пиряхҳо, иқлим, экология ва рушди устувор, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, дар меҳвари онҳо ҳифзи инсон, табиат ва сайёраи Замин қарор дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз