НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 178 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаю ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба мувофиқа расонида шуд

Август 4, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаю ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳлил ва ба мувофиқа расонида шуд. Дар ин хусус имрӯз сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Аз ҷумла, 27 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои тиббӣ, 59 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои илмӣ ва 92 нархномаи хизматрасонии пулакӣ дар дигар соҳаҳо ба мувофиқа расонида шуданд.

Ба иттилои Ҳайдаралӣ Раҷабзода, нархномаҳои хизматрасонии пулакии соҳаи маориф ва тандурустӣ, ба истиснои муассисаҳои навтаъсис, ихтисосҳои нав ва литсейҳои давлатии таълимӣ дар сатҳи амалкунанда ба мувофиқа расонида мешаванд.

Дар нишаст иброз гардид, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги 20 номгӯй мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори берунӣ ва дохили ҷумҳурӣ гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Аксари ин номгӯй ё ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад, ки сабаби болоравии нархи онҳо дар бозори ҷумҳурӣ мегардад.

Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якчанд субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид. Дар натиҷа ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд.

Иброз гардид, ки дар шаш моҳи соли 2025 29 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродикунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул карда шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад