НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсионию назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 1924 парванда баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсионию назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 1924 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон доир ба 1040 парванда ҳалномаи судӣ қабул гардида, 62 парванда қатъ карда шуд, 105 ариза бе баррасӣ мононда шуда, қабули 8 ариза рад гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар ин давра бо мақсади тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои нақша оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2025» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии мамлакат дар маҷмуъ 755 вохӯрӣ доир карда шуд. Ин чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир гузоштанд», — афзуд Зебонисо Абдуллозода.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






