НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расонида шуд

Август 7, 2025 09:56

ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар шашмоҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳо ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расонида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра ба 170 нафар маъюбон ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шудааст. Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 63 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият намуда, ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба маркази ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар шашмоҳаи якуми соли равон  ҳамагӣ 259 дархост оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба барномаи худкори иттилоотии «Адвокат» ворид гардид, ки аз ин шумора 239 нафар мард ва 20 нафар зан мебошанд. Аз шумораи умумии дархостҳо 44 нафар ноболиғ ва 8 нафар шахси маъюб мебошанд.

Вазири адлия изҳор намуд, ки вазорат барои мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, инчунин бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 3 лоиҳаи қонун ва 5 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Ба иттилои вазир, тавассути хати телефони ройгони 30-40-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 шаҳрванд оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд, ки ба онҳо машварати ҳуқуқӣ дода шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2025 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд