НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 26 маркази тадқиқотии хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст. Инҳо марказҳои тадқиқотии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳо ба шумор мераванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода иттилоъ дод.
Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 7 маркази таҳлилии Эрон, Арабистони Саудӣ, Чин ва Муғулистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва барномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ҳамзамон иброз гардид, ки моҳи сентябри соли равон байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқотии Арабистони Саудӣ баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ дар назар дошта шудааст. Дар доираи ин санад иштироки тарафайн дар чорабиниҳое, ки дар ҳарду давлат баргузор мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии мамлакат аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайн дар фаъолияти марказ муҳим арзёбӣ мегардад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои марказҳои таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, Маркази Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






