НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сомонаҳои 45 мақомоти давлатӣ ба «Интернет портали ягонаи давлатӣ — «eHukumat.tj» пайваст карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интернет портали ягонаи давлатӣ- «eHukumat.tj» ҳамчун инфрасохтори ягонаи шабакавии иттилоотию коммуникатсионӣ барои пешниҳоди дастрасӣ ба иттилоот ва паҳнкунии он муайян карда шуда, сомонаҳои 45 мақомоти давлатӣ ба он пайваст шудаанд. Дар ин хусус Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо имрӯз зимни натиҷагирии фаъолияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.
Хуршед Мирзо афзуд, ки феълан бо мақсади пешниҳоди рақамии хизматрасониҳои давлатӣ низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ таҳия гардида, дар заминаи он аз ҷониби Агентӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ – «khizmat.ehukumat.tj» амалӣ гардидааст.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентӣ барои содаю осон кардани пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ Маркази хизматрасонии давлатӣ ташкил карда мешавад, ки дар ин самт корҳои таъмирию сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Дар марҳилаи аввал 20 намуди хизматрасонии давлатӣ ба тариқи мустақим (онлайн) ё дар шакли рақамӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон дар назар аст, ки то охири соли 2025 ин шумора ба беш аз 50 адад расонида шуда, аз ҷониби мақомот, ташкилоти давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ онҳо минбаъд аз тариқи портали ягонаи хизматрасонии давлатӣ амалӣ мегарданд.
Инчунин дар ин раванд бо ҷалби барномасозони ватанӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ татбиқ карда шуда, барои ҳамгироии пурра амалӣ намудани мукотиботи электронӣ дар сатҳи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
«Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ низоми мазкур дар 100 мақомоти давлатӣ насб карда шуд. Дар айни замон аз ин шумора 60 мақомоти давлатӣ фаъолияти худро тибқи талаботи низоми мазкур пурра ба роҳ мондаанд», — гуфта шуд дар нишасти матбуотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






