НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори Қатар ва Булғористон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ моҳи сентябри соли равон бо мақомоти ваколатдори Давлати Қатар ва Булғористон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасонад, ки дар айни замон лоиҳаи он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Чунин посух дод ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода.
Умед Бобозода изҳор намуд, ки агар солҳои қаблӣ байни мақомоти Ваколатдор 1 ё 2 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ танҳо бо Федератсияи Русия ва ваколатдорони шаҳру навоҳии ин кишвар мавҷуд буд, ҳоло ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо тавсеа ёфтааст. «Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир тавонист бо Ҷумҳурии Узбекистон, Арабистони Саудӣ, Италия ва дигар кишварҳо санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад. Ҳоло лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо баъзе аз давлатҳои дигар, хусусан Ҷумҳурии Қатар, Булғористон дар ҳолати гуфтушунид қарор дошта, дар назар аст, ки моҳҳои сентябр баста шавад. Дар ин санад на танҳо ҳуқуқи инсон, балки дар маҷмуъ масъалаҳои ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъалаҳо низ пешбинӣ шудаанд.
Ҳамкории пайваста бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таҳия ва амалисозии «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» идома дорад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 30 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






