НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 57 миллион сомонӣ маблағ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба Хадамоти иҷро 5 ҳазору 816 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид. Аз солҳои пешин дар маҷмуъ 102 ҳазору 845 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Дар ин хусус имрӯз сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
«Зиёда аз 57 миллиону 329 ҳазору 590 сомонӣ аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи сипаришуда 35 миллиону 904 ҳазору 75 сомонӣ зиёд мебошад. Дар раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамоти иҷро барои напардохтани маблағҳои қарзӣ 1 ҳазору 308 нафар шахси воқеӣ ва 10 шахси ҳуқуқӣ ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шудаанд», — гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамоти иҷро 239 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид гардидааст. Ҳамаи муроҷиатҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кормандони мақомот байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва марбут ба соҳаи истеҳсолоти иҷро 953 вохӯрию суҳбат ва баромад намуда, дар нашрияҳои давлатӣ мақолаҳо ба чоп расониданд.
Инчунин дар нишаст таъкид гардид, ки вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 моҳи марти соли равон дар сохтори хадамот шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро таъсис дода шудааст. Тадбирҳои муассир барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ҳарчи зудтар гузаштан ба низоми рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро андешида мешаванд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






