Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Август 19, 2025 09:29

ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд.

Иншооти навбунёд аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони 3 ошёна иборат буда, бо дарназардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои хизматӣ ва шароити мусоиди корӣ омода карда шудааст.

Ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, биноҳои навбунёди Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дорои синфхонаҳо ва майдончаҳои махсуси таълимӣ буда, онҳо бо аёниятҳои зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар иншооти мазкур хобгоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин бино дорои майдонча ва майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони ба машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст.

Дар саҳни иншооти навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, ҳамаи он дар омодагии хуби доимӣ қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид доштанд, ки ҳушёриву зиракии касбию сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи шароити навтарини зист, фаъолияти ҳаррӯза ва омодасозии босифати ҳайати шахсӣ ба иҷрои амалиёти махсуси низомӣ ҳар яки онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва машқу тамрини матлуб бояд водор намояд. Бо ёдоварӣ аз вазъи басо мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб карда шуд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Ватани соҳибистиқлол ва амну суботи пойдори Тоҷикистони азиз ҳамеша омодагии зарурӣ дошта бошанд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиётҳои нави корӣ тақдим карда шуд, ки ба фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад расонд.

Ифтитоҳи бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 19.08.2025

Август 19, 2025 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд