Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марямро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марямро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст. Сохтмони муассиса моҳи феврали 2023 оғоз гардида, дар муҳлати 16 моҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исломҷон Муродов бунёд гардидааст.
Дар вақти сохтмон зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.
Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозими зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзиш дар он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Дар кӯдакистони нав 30 кас парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа бо кор таъмин шудаанд.
Дар саҳни ҳавлии боғча 6 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, фаввораҳои зебову назаррабо ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст, ки ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшад. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шудааст.
Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 10 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, ҳамчунин ҳаммом, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ сохта шуда, дар арафаи таҷлил аз 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона метавонад дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақш гузорад.
Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






