Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хати оби нӯшокиро ба истифода доданд

Август 26, 2025 12:13

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хати оби нӯшокиро ба истифода доданд.

Ин лоиҳа дар идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастрасии сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ татбиқ шудааст.

Хати оби нушокӣ аз деҳоти Фақирободи ноҳияи Файзобод тавассути қубурҳои гуногунҳаҷм оварда шуда, имкон медиҳад, ки 38 ҳазор сокини шаҳр ва 17 ҳазор корманди НБО «Роғун» бе танафус ба оби тоза дастрасӣ дошта бошанд.

Маврид ба зикр аст, ки истифодаи тӯлонӣ ва бетаъмир давоми солҳои охир ҳолати қубурҳои обгузар дар шаҳри Роғунро хароб карда, сокинон аз норасоии ин манбаи асосии ҳаёт азият доштанд.

Аз ин лиҳоз, дар асоси супориши Ҳукумати кишвар вобаста ба таъмини сокинон бо оби тоза лоиҳаи барқарорсозӣ ва зиёд намудани тавоноии шабакаи обтаъминкунии шаҳр татбиқ карда шуд.

Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК «ТГЭМ» иҷро карда шуд.

Дарозии қубурҳои обгузар 19 ҳазору 925 метрро ташкил намуда, тавассути он оби чашмаҳо ба шабакаи обтаъминкунии шаҳри Роғун расонида мешавад.

Ба истифода додани хатти оби нушокии шаҳри Роғун 26.08.2025

Август 26, 2025 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд