Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар баромадгоҳи нақби нақлиётии НБО «Роғун» дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд

Август 26, 2025 19:50

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар баромадгоҳи нақби нақлиётии Т-9¹ боздид намуданд. Иншооти муҳим дар баландии зиёда аз 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, имрӯз бо заҳмати садҳо мутахассиси ватаниву хориҷӣ бо суръат бунёд меёбад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар баромадгоҳи нақби нақлиётии Т-9¹ корҳои таҳкимдиҳӣ, насби қубурҳои дренажӣ, сохтмони шабакаҳои равшанидиҳӣ ва системаҳои ҳавокашӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир анҷом дода шудааст.

Ба иттилои муҳандисон, иҷрои босифати нақбҳо, иншооти гидротехникӣ ва зерсохторҳои муҳандисӣ омили асосии ба истифода додани агрегатҳои навбатии неругоҳ хоҳад буд. Ҳар як қисмати иншоот бо меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, то имрӯз даҳҳо километр нақбҳои кӯҳӣ ба анҷом расидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон таъкид карданд, ки сифати корҳо бояд ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад. Дастур дода шуд, ки назорат аз болои раванди сохтмон пурзӯр карда шавад ва ҳамаи талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар иншоот риоя гардад. Зеро НБО «Роғун» танҳо як сохтмон нест, балки рамзи ифтихор ва ояндаи ободу шукуфони Тоҷикистон мебошад.

Бунёдкорӣ дар НБО «Роғун» идома дорад. Ҳар рӯз садҳо нафар бо ифтихори ватандорӣ, бо меҳнати содиқона ва бо мақсади таъмини ояндаи равшани Тоҷикистон дар ин майдони бузург фаъолият доранд. Нақби нақлиётии Т-9¹ яке аз унсурҳои муҳими НБО «Роғун» маҳсуб ёфта, иҷрои босифати он заминаи мусоид барои пешрафти дигар марҳилаҳои сохтмонӣ хоҳад гузошт.

Иҷрои чунин корҳои бузург бо заҳмати шабонарӯзии бунёдкорон имконпазир аст. Барои садҳо бинокорон, муҳандисон ва мутахассисон «Роғун» на танҳо ҷои кор, балки макони ифтихор ва рисолати ватандорӣ аст.

Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин саҳифаи тоза дар таърихи давлатдории тоҷикон аст. Ин иншооти муҳим на танҳо қувваи барқ, балки қувваи руҳ ва неруи маънавии миллатро афзун мекунад. Иншооти бузурги аср имрӯз ба рамзи ваҳдату созандагӣ табдил ёфтааст. Аз ин ҷо садои кору заҳмати беист ба тамоми минтақа паҳн мешавад ва ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон паёми умеду ифтихор мефиристад.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Боздид аз ҷараёни корҳо дар баромадгоҳи нақби нақлиётии НБО Роғун дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр 26.08.2025

Август 26, 2025 19:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд