ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо барои пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат менамоянд

Август 23, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 августи соли равон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки дар Туркманистон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Тоҷикистон бо назардошти иқтидори гидроэнергетикии худ ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.

Ҳоло дар Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои обӣ истеҳсол карда мешавад ва давлати мо аз лиҳози ҳиссаи истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.

Татбиқи «Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз» то соли 2037 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар оянда пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Албатта, барои татбиқи муассири чунин ҳадафҳои созанда сармоягузории зиёд бо шумули технологияҳои пешрафтаи истифодаи босамар ва оқилонаи энергия зарур аст.

Бо назардошти ҳампайвандии энергетика ва тағйирёбии иқлим, метавон гуфт, ки рушди энергияи «сабз» қадами устувору мусбат дар масири ҳифзу беҳбуди иқлим мебошад.

«Пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим имрӯз ба иқтисоду экосистемаҳои давлатҳои мо зарари калон расонида, ҳатто ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд. Тоҷикистон давоми бист соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун давлати пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

Мушкилоти марбут ба об, хосатан дар кишварҳои осебпазир, аз ҷумла кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ба таври возеҳ ба назар мерасад.

Танҳо сеяки аҳолии ин кишварҳо ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ дорад ва қисми боқимонда дар минтақаҳои хушк ё камоб зиндагӣ ба сар мебаранд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронс.

-Бо назардошти ин ҳолат мо пайваста ба зарурати андешидани тадбирҳои фаврӣ ва татбиқи иқдоми муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ бо мақсади ҳифзи саривақтии манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо таъкид менамоем,-изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо – яке аз манбаъҳои асосии оби ошомиданӣ ҳоло ба буҳрони глобалии замони мо табдил ёфта, дар чанд даҳсолаи охир шумораи онҳо бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Албатта, ин ҳолат таъминоти обро халалдор ва ба амнияти озуқаворӣ таҳдид карда, ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Бояд гуфт, ки беш аз 80%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо тавлид мешаванд, ки қисми калони онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Бо афзоиши ҳарорати ҳаво давоми 50 соли охир масоҳати пиряхҳои минтақа тақрибан 30% коҳиш ёфта, интизор меравад, ки то соли 2050 захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир то 5% ва дар ҳавзаи дарёи Аму то 15% коҳиш ёбанд. Ин равандҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоюли хеле ташвишовар унвон намуда, бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он истифодаи технологияҳои муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткоронаро ба об чун манбаи муҳимтарини ҳаёт шарти асосии кам кардани талафоти он шумориданд.

Зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат менамоянд. Татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ», ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

«Мо аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ бобати афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ менамоем. Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки мо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд.

Чунин рӯйкардҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ҷиҳати рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард»,-изҳор намуданд дар анҷоми суханронӣ Президенти Тоҷикистон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол қабл таъкид намуда буданд, ки агар пеши роҳи тағйирёбии иқлим сари вақт гирифта нашавад, он пайомадҳои нохуш ба бор меорад.

Коршиносони масоили иқлимӣ баландшавии ҳарорати Заминро солҳои 2050 пешгӯӣ намуда буданд. Вале тамоюли болоравии ҳарорат дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз он дарак медиҳад, ки пешгӯиҳо барои солҳои оянда пеш аз муҳлат- аллакай шуруъ аз соли 2025 ба иҷро мерасанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Kazinform» ва «Анадолу» иттилоъ додааст, дар ин хусус чанде қабл профессор Мурат Туркеш, аъзои раёсати Маркази таҳқиқоти тағйирёбии иқлим ва сиёсати Донишгоҳи Богазичи изҳори назар намуда буд.

Хадамоти тағйирёбии иқлими Иттиҳоди Аврупо Copernicus гузориш додааст, ки моҳи июни соли 2025 панҷумин июни гармтарин давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо дар сайёра буд. Мувофиқи маълумоти Copernicus, ҳарорати миёна дар Аврупо дар моҳи июни соли 2025 18,46° C буд, ки ин аз ҳисоби миёнаи моҳи июни солҳои 1991-2020 1,10 ° C зиёдтар мебошад.

Ҳамин тариқ, пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) оид ба ҳарорат барои соли 2050, ки соли 2015 нашр шуда буданд, аллакай аз соли 2025 амалӣ шуда истодаанд.

Хадамоти обуҳавошиносии Фаронса эълон намуд, ки 1 июл дар 16 вилоят, аз ҷумла дар пойтахти давлат- шаҳри Париж бо сабаби гармои шадид хатари дараҷаи сурх ва дар 68 музофот хатари дараҷаи норанҷӣ эълон карда шуд. 2 июл бар асари гармои шадид дар чор музофот хатари дараҷаи сурх ва дар 55 вилоят хатари дараҷаи норанҷӣ эълон гардид.

Мурат Туркеш изҳор намуд, ки бо сабаби гармшавии глобалӣ тамоюли болоравии ҳарорати Замин ва сатҳи баҳр солҳои охир боқӣ мондааст.

Ба иттилои профессор, ҳароратҳои муттасили баланд дар миқёси ҷаҳон боиси пайдоиши мавҷҳои гармӣ шуда, дар якчанд давлатҳо ва минтақаҳо ҳарорати ғайримуқаррарӣ сабт шудааст.

Болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ ва ё гармшавии глобалии иқлим солҳои охир боиси якчанд пайомади ногувор, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, норасоии об, хушксолӣ, биёбоншавӣ, таназзули хок, маҳвшавии гуногунии биологӣ ва коҳиши ҳосили зироат гардидааст.

Гузоришҳои охири Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо нишон медиҳанд, ки раванди обшавии пиряхҳо сол аз сол вусъат меёбад. Мувофиқи ин пажӯҳишот, давоми солҳои 1976-2024 аз тамоми пиряхҳои кураи арз тақрибан 9200 гигатон ях об шудааст.

Маҳз бо назардошти ин мушкилот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз 20 сол аст, ки дар татбиқи барномаҳои марбут ба обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд. Зеро масоили тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ бахши муҳими сиёсати Президенти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

 

Август 23, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ. Нақши он дар беҳтарнамоии сифати таҳсил бунёдӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Оё фарзанди шумо барои ба мактаб рафтан омода аст?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН. Соҳибистиқлолӣ масъулияти бузург дар назди миллат ва таърих аст
Нақши занон дар мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас аст
МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ МИНТАҚА. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ҳалли он беназир аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли каду бехобиро рафъ ва кори дилро муътадил нигоҳ медорад
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд
Дар гардиши дараи Алмосӣ муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ гузошта мешавад
17 АВГУСТ-РӮЗИ ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. 70 фоизи интиқоли борҳо дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
Дар Душанбе вобаста ба қабули қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигаҳдорию эҳтиром ва эътирофи он бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад