Татбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сармутахассиси сохтори махсуси Бонки рушди Осиё Шин Лонг доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои анҷомдода, аз ҷумла дар муҳлатҳои муқарраргардида сохта, ба истифода додани биноҳои замонавии марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ ва марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Роғун ва ноҳияи Данғара, ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе ва сохтмони Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ, ки то ҳол ба истифода дода нашудааст, вале омӯзиши касбӣ ва машваратҳо аллакай ба роҳ монда шудаанд, маълумот пешниҳод намуд.
Иброз гардид, ки дар ҳамаи марказҳо омӯзиши касбӣ идома дошта, хоҳишмандон метавонанд ба таври ройгон аз хизматрасонии ин марказҳо истифода намоянд.
Таъкид гардид, ки заноне, ки ба омӯзиши касбҳои ғайрианъанавӣ ҷалб мегарданд, бо идрорпулӣ, яъне стипендия таъмин гардида, ҳангоми касбомӯзӣ имкон доранд аз хизматрасонии Марказ барои нигоҳубини кӯдакон истифода намоянд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки шаҳрвандони мамлакат, ки азми сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, метавонанд пеш аз сафар аз дилхоҳ марказ оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда, урфу одат ва қоидаҳои буду бош машваратҳои ҳуқуқӣ гирифта, дониши молиявӣ ва компютерии худро барои амнияти маълумот дар шабакаи интернет ва роҳҳои бехатари ирсоли маблағҳо ба ватан баланд бардоранд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






