ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 29.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштагонамон ба 57 171 оилаи шаҳри Ваҳдат китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тақдим мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, китоби мазкур дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст.
Китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ то имрӯз ба оилаҳои ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Файзобод, Роғун, Нуробод, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақдим гардидааст.
Сокинон ин туҳфаи Пешвои миллатро бо хушнудӣ қабул намуданд. Ин иқдоми наҷиби Сарвари давлат дар саҳифаҳои таърихи миллату сарзамин бо ҳарфҳои заррин ҷовидона ба ёдгор хоҳад монд.
Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро «ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад» номида, таъкид менамоянд, ки ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Ин асар пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли мамлакат, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳалли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем».
Бояд ёдовар шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла чунин нигоштаанд: «Дар ҳақиқат Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зиндаю пойдор гардонид ва дар хизмати наслҳои оянда гузошт».
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






