Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.
Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.
Майдони Парчами давлатӣ ба таври муосир ва бо унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур бо ҳадафи таҳкими худшиносӣ ва боло бурдани эҳсоси ватандӯстии сокинон сохта шуда, рамзи ваҳдату ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар майдони муқаддасоти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд.
Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр мебошад.
Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати умумии 46 садяк бунёд гардидааст.
Тадбири мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Файзобод ба майдони муқаддасоти миллӣ ҳусни дигар зам намуда, шаҳодати тарғиб ва ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва ҳамчунин эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурифтихори тоҷикон аст.
Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди иншооти навро дар маркази ноҳия дар самти қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Аз ин пас майдони муқаддасоти миллӣ ба яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ мубаддал гардида, ҳамчунин, дар он барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам мешавад.
Ба масъалаи сабзазор ва гулпӯш намудани атрофи иншооти тозабунёд таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҳудуди он бо гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию сояафкан ва фаввораҳои зебо оро дода шудааст.
Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи майдони Парчами давлатӣ ва назди пайкараи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст, ки шабонгоҳ хеле зебову назаррабо мебошад.









Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






