Дар Тоҷикистон ба соҳаи сохтмон зиёда аз 16 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ равона карда шудааст

Сентябрь 24, 2025 08:31

ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 16 миллиарду 82,6 миллион сомонӣ истифода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 120,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузориҳо дар сохтмони Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Асматбекзода иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, воридшавии сармоя дар моҳҳои январ-августи соли равон дар минтақаҳо, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 722,2 миллион сомонӣ, вилояти Хатлон- 2 миллиарду 341,8 миллион сомонӣ, вилояти Суғд- 2 миллиарду 085,5 миллион сомонӣ, шаҳри Душанбе- 4 миллиарду 615,5 миллион сомонӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 миллиарду 317,6 миллион сомониро ташкил додааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи соҳаи сохтмон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин ғамхорӣ ба ҳадафҳои беҳтар сохтани сифати бунёди иншооти таъйиноти гуногун, татбиқи меъмории миллӣ дар ҳамбастагӣ бо стандартҳои замонавӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ, ба танзим даровардани низоми шаҳрсозӣ ва риояи қатъии қоидаҳои он марбут аст.

Бунёди иншооту биноҳои замонавӣ, хонаҳои истиқоматӣ,  равшансозии кӯчаҳо, сохтмони муассисаҳои варзишӣ, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин шинонидани гулу дарахтони ороишӣ – ҳамаи ин тадбирҳо дар самти ободонии мамлакат бо вусъати бесобиқа ба роҳ монда шудаанд.

Тавре аз Агентии омори мамлакат иттилоъ доданд, дар ҳашт моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 740,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳо, аз ҷумла дар вилояти Суғд 303,1 ҳазор метри мураббаъ, дар вилояти Хатлон 168 ҳазор метри мураббаъ, дар шаҳри Душанбе 195,1 ҳазор метри мураббаъ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 68,9 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо сохтмончиёни тоҷик масъулияти бузург бар дӯш доранд, зеро дар Тоҷикистон то баргузории ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо биною иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ин аст, ки барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, зери назорат қарор дорад.

Тавре аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ сохтмони 29 919 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон 23 228 инишоот ба истифода супорида шуда, дар 4594 иншоот корҳо идома доранд.

Кумита барои бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидани биною иншоот ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон ва аз экпертизаи давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои иншоот, инчунин дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон пайваста тадбир меандешад. Ин аст, ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон ба маблағи 21 миллиону 724 ҳазору 355 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию таҳқиқотӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки ба 116,9 фоизи ҳамин давраи соли 2024 баробар аст.

Сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузориҳо дар сохтмони Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Асматбекзода иттилоъ дод, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 15 мактаби таҳсилоти умумӣ барои 16 ҳазору 380 ҷой, аз ҷумла дар дар вилояти Хатлон барои 7947 ҷой, дар шаҳри Душанбе барои 6365 ҷой, дар Суғд барои 1460 ҷой, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои 512 ҷой ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои 96 ҷой сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ сохтмони иншооти зиёд идома дорад. Ин иншоот дар арафаи ҷашни 35-солагии соҳибистиқлолии мамлакат марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 24, 2025 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад