«365 РӮЗИ ОБОДОНӢ». Дар Норак то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонӣ гузаронида мешаванд

Сентябрь 21, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак «365 рӯзи ободонӣ» эълон гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Дар доираи ин иқдом кормандони корхонаю муасиссаҳои шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал барои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла тозаю озода намудани назди биноҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои истиқоматӣ аз партовҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Ин иқдом дар шаҳри Норак то рӯзи баргузории ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад. Сокинони шаҳр азм доранд, ки ин ҷашни муқаддаси давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Сентябрь 21, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд