Ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид

Сентябрь 22, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусу ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколсев иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, натиҷаҳои ташкил ва истифодабарии ҳисоботҳои махзани ахбороти байнидавлатӣ ва Нақшаи кории вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рамазон Раҳимзода таъкид намуд, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳар ду давлат рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам рушд менамояд.

Ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам низ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар рафти Мушовараи якҷоя тамоюли мусбати рушди ҳамкории мақомоти тафтишоти пешакии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таъкид гардида, инчунин афзалияти минбаъд ҳам вусъат додани хамкорӣ бо мақсади бо сифати баланд тафтиш намудани ҷиноятҳои дар ҳудуди ҳар ду мамлакат содиршуда таъкид карда шуд.

Иброз гардид, ки яке аз шаклҳои афзалиятноки ҳамкории воҳидҳои тафтишотӣ амалӣ намудани амалҳои мурофиавӣ дар доираи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад.

Бо назардошти рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, дар ҳарду кишвар мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ содир мешаванд, махсусан таъхирнопазир мегардад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия заминаи ҳуқуқии байналмилалии ҳамкориро оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ такмил медиҳанд.

Дар идома Владимир Колоколтсев тазаккур дод, ки Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.

Сипас аз ҷониби вазирони ҳар ду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷоя қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар интиҳои ҷаласа вазирон аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки вазифаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия боз ҳам васеътар баррасӣ намудани масъалаҳои муҳим, ташкил намудани ҳамкории муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҳамкории дуҷониба, инчунин андешидани чораҳои амалӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҳудуди ҳарду давлат мебошад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд