Ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар доираи лоиҳаҳои сиёсати пулию қарзӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Самараи муносибатҳои боэътимоди иқтисодию сиёсии Тоҷикистон ва Швейтсария давоми се даҳсолаи охир, истифодаи самараноки зарфияти мавҷуда ва самтҳои нави ҳамкорӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Салмон Бал ва намояндагони ширкати «SICPA SA» қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Фирдавс Толибзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории муфиди ду давлат дар доираи муассисаҳои Бреттон-Вудс гуфт, ки Швейтсария дар Шурои директорони Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаъолона намояндагӣ мекунад. Ин барои таъмини суботи иқтисодии мамлакат муҳим дониста мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария дар доираи лоиҳаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ, идоракунии хавфҳо, омор ва тавозуни пардохт ҳамкории судманд дошта, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) солҳои охир якчанд лоиҳаро дар бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намудааст. Онҳо ислоҳоти зиддибуҳронӣ ва ташкили низоми молиявии устувор ва самаранокро дар бар мегиранд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба фаъолияти ширкати «SICPA SA» ибрози назар намуда, намояндагони ширкат дар бораи таҷриба ва маҳсулоти худ маълумот доданд. Салмон Бал аз фаъолияти самарабахши Бонки миллии Тоҷикистон дар самти ислоҳот барои танзими сатҳи таваррум изҳори қаноатмандӣ намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки пули миллии сомонӣ аз соли 2000 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалии чопи пул ба муомилот бароварда шуда, Бонки миллии Тоҷикистон саъй менамояд, ки сифати пули миллиро мувофиқи меъёрҳои пешрафтаи байналмилалӣ беҳтар намояд. Дар ин замина изҳори умедворӣ карда шуд, ки ширкат оид ба таҷрибааш дар соҳаи чопи пул ва имконияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иттилооти зарурӣ пешниҳод менамояд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба дигар самтҳои ҳамкорӣ табодули назар ва барои тақвияти ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






