Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 7 иншоот ба истифода дода мешавад
ЁВОН, 04.09.2025./АМИТ«Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Саъдӣ Шерозии Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Раҷабмурод Муродализода иттилоъ дод.
Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Оимноз Бойқозиева иброз намуд, ки «солҳои пеш ба мушкилии нарасидани ҷойи нишаст ва синфхонаҳо гирифтор будем. Хушбахтона, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинону соҳибкорони деҳа бинои иловагии муассисаи таълимиро иборат аз 8 синфхона бо ҷойгиршавии 200 хонанда дар як баст бунёд намудем. Дар ин бино кабинетҳои фаннӣ низ ҷойгир карда шудаанд. Бинои иловагӣ бо мизу курсиҳои нав ва дигар таҷҳизоту аёният муҷаҳҳаз гардонида шудааст».
Тибқи иттилои мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода, бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон 7 иншоот- се бинои истиқоматии баландошёна бо 274 хонаи истиқоматӣ, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Ғарчашмаи Ҷамоати деҳоти Даҳана бо 7 синфхонаи иловагӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Обшорону Ҷамоати шаҳраки Ёвон мағозаҳои замонавию марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ёвон бунёду навсозии 561 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 502 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






