Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар шаҳри Душанбе ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳкими истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ — ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки ба фишору таҳдид ва таъсири абарқудратҳо танҳо миллате истодагарӣ карда метавонад, ки Сарвари боору номус, сиёсатмадори зираку хирадманд ва нотарсу далер дошта бошад. Чунин роҳбару сарвар барои миллати тоҷик- Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки тамоми ҳастиашонро ба истиқлоли мамлакат, Ваҳдати миллӣ ва шукуфоии миллат бахшида, миллату давлатро аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшиданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода гуфт, ки аз замонҳои қадим тоҷикон бо хиради оламсоз ва таъриху фарҳанги нодир, бо ҳиммати ҷонфидоӣ ва ақлу шуури худ пайваста дар масири таъриху саҳнаҳои ҷаҳонӣ номи худро нигошта, ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибхирад, озодидӯст ва боадолат боқӣ мондаанд.
Дар ҳамоиш собиқадорони ҳизбӣ ва фаъолон бо медали «30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд






