Барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти шуъбаҳои маориф ба китобҳои дарсӣ кадом тадбирҳо андешида шудааст?

Сентябрь 29, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли равон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки то охири соли равон эҳтиёҷоти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро бо китобҳои дарсӣ пурра қонеъ намояд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» бо масъулони соҳа ҳамсуҳбат гардид.

Дар Вазорати маориф ва илм иброз доштанд, ки бо назардошти афзоиши шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар муассисаҳои таълимӣ имсол метавонад эҳтиёҷ ба баъзе китобҳои дарсӣ ба миён ояд. Вале агар дар аввали сол ҳангоми банақшагирии нашри китобҳои дарсӣ аз ҷониби масъулини шуъбаҳои маориф ба вазорат доир ба эҳтиёҷи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ омори дуруст пешниҳод гардад, норасоии китобҳои дарсӣ бартараф карда мешавад.

— Дар айни ҳол зиёда аз 60 фоизи эҳтиёҷоти умумӣ ба китоб, ки раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, аллакай ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шудааст. Тибқи нақша, то анҷоми соли 2025 зиёда аз 9 миллион китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ дастраси раёсату шуъбаҳои маориф мегарданд, -иттилоъ дод  директори Маркази таҳия, нашр, муомилоти китобҳои дарсӣ ва илмию методии Вазорати маориф ва илм Умед Ҳасанзода.

Сокини 34-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Марям Анварзода, ки 3 фарзанди мактабхон дорад, иброз дошт, ки фарзандонаш пурра ба китобҳои мактабӣ дастрасӣ доранд. Ба андешаи ӯ, ҳоло нисбат ба солҳои қаблӣ дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ беҳтар шуда, барои донишомӯзии наврасон тамоми шароит муҳайё мебошад.

Аммо сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фирӯзаи Идимад, ки ду фарзанди мактабхон дорад, иброз намуд, ки фарзандонаш баъзе китобҳои дарсиро дастрас накардаанд.

Ба иттилои Директори Маркази таҳия, нашр, муомилоти китобҳои дарсӣ ва илмию методии Вазорати маориф ва илм, ҳоло норасоии китобҳои дарсӣ вуҷуд надошта, балки нисбат ба 116 номгӯй китоби дарсии аз синфи 1 то 11 эҳтиёҷ вуҷуд дорад. Яъне тамоми эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ тавассути барномаи биллингӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳолати китобдории ҳар хонанда дар он сабт гардидааст.

Тибқи нақша, то охири соли равон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои ноширӣ китобҳои дарсию маводи таълимӣ, ки имсол бори нахуст бо теъдоди 9 миллиону 154 ҳазор чоп мешавад, пурра дастраси шуъбаҳои маорифи мамлакат мегарданд.

Мудири шуъбаи таъминот, нигоҳдории адабиёти таълимии  Маркази таҳия, нашр, муомилоти китобҳои дарсӣ ва илмию методии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Тоҷиддин Уроқзода иброз намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағи китобҳои дарсӣ, ба истиснои китоби дарсии «Алифбо» дар муддати се сол ба таври зайл: 34 дарсад, 33 дарсад ва 33 фоизи арзиши аслии китоби дарсӣ аз ҳисоби иҷора бевосита ба суратҳисоби махсуси вазорат тавассути падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба таври ғайринақдӣ интиқол дода мешавад. Ба ғайр аз ин аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо барои дастрас намудани китобҳо аз анбори китобҳо 2 фоизи дигар маблағи иловагӣ барои музди меҳнати мутасаддиён муқаррар карда мешавад.

Омӯзгори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилафрӯз Одинаева аз он изҳори таассуф намуд, ки аз ҷониби хонандагон ва падару модарон нисбат ба нигаҳдошти китоб бепарвоӣ зоҳир гардида, бештари китобҳо дар як ё ду сол аллакай фарсуда ё гум карда мешаванд. Дар ин ҳолат маблағи пурраи он пардохт нашуда, норасоии китоб ба амал меояд.

Дар мавриди пардохти иҷораи китобҳои дарсӣ, ки баъди як-ду сол варақҳояшон даридаю фарсуда мешаванд, иттилоъ дода шуд, ки дар чунин ҳолат арзиши аслии китоби дарсӣ дар муддати се сол бо роҳи иҷора тибқи тартиби муайянгардида пардохт карда мешавад. Мувофиқи талаботи «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ» ҳангоми гум кардан ё фарсудаи корношоям гардидани китоби дарсии хонанда падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда маблағи онро аз рўйи арзиши умумии китоб пардохт менамоянд.

Баъди соли чору панҷ нархи иҷораи китобҳои дарсӣ, ба истиснои синфи 1-ум баробар ба 50 фоизи нархи иҷораи муайянкардаи Вазорати маориф ва илми мамлакат гузошта мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ИМД-2026. Барои довталабон 55 маркази имтиҳонӣ ташкил гардид
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?